Дар бораи донишкадаи мо

Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 августи соли 2013 №1502 дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Донишкадаи идоракунии давлатӣ - муассисаи олии таълимию илмии давлатӣ мебошад, ки фаъолияти он ба тайёр кардани кадрҳои соҳаи идоракунии давлатӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ равона гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоли ҳозир ба кадрҳои баландихтисос, соҳибтаҷрибаи ватандӯсту дорои ифтихори баланди миллӣ дар соҳаи идоракунии давлатӣ беш аз пеш ниёз дорад ва яке аз вазифаҳои Донишкада ҳам, тарбияи чунин кадрҳо мебошад.

Низоми тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ ва дар маҷмӯъ тарбияи мутахассисони варзида соҳаи идоракунӣ муҳимтарин масъалаи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳалли он ба зиммаи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст.

Ҳадафи асосии Донишкада бунёди низоми доимоамалкунандаи замонавии тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи идоракунии давлатӣ (бакалавр ва магистр), баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва салоҳиятнокии хизматчиёни давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Донишкадаи идоракунии давлатӣ сифати олии таҳсилро кафолат дода, дорои ҳайати устодон ва мутахассисони варзидаи соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ мебошад. Ҳамчунин дар раванди таълим роҳбарони вазорату маќомоти ҳокимияти давлатӣ, ходимони давлативу коршиносони ватанӣ, олимони варзидаи ватаниву хориҷӣ ҷалб карда мешаванд.

Мо итминони комил дорем, ки дар раванди таҳсил дар Донишкадаи мо ҷаҳонбинӣ ва шахсияти донишҷӯёну шунавандагон ташаккул ёфта дар онҳо ҳисси боварӣ ба худ пайдо шуда, баъди хатми донишкада онҳо мавќеи шоистаи хешро дар ҷомеаи муосир пайдо хоҳанд кард.

Ректор Лутфия Абдулхоликзода.

Ба боло
  • Саҳифаи мо дар: